(ABNA24.com) Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муазами инқилоби исломӣ рӯзи якшанбе, дар суханоне дар пахши зииндаи телевизионӣ, бо ишора ба изҳороти чандбораи мақомҳои амрикоӣ мабнӣ бар омодагӣ барои ирсоли кӯмакҳои доруӣ ва дармонӣ дар сурати дархости Эрон, тасреҳ карданд:
Сӯҳбатҳои амрикоиҳо ҷузви ҳарфҳои бисёр аҷиб аст, зеро худашон дучори камбуди шадиди дору ва таҷҳизоти пешгирӣ аз беморӣ ҳастанд ва бархе масъулонашон сароҳатан аз ин камбудҳои ваҳшатовар сухан ба миён овардаанд. Бинобар ин, онҳо агар имконоте доранд, ба марадуми худашон бирасанд. Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо баёни ин, ки суханони амрикоиҳо қобили қабул нест, афзуданд: Мумкин аст амрикоиҳо доруҳоеро ирсол кунанд, ки вирусро дар Эрон шоеътар ва ё мондагор кунад ва ё ҳатто мумкин аст, афродеро ба унвони дармонкунанда бифиристанд, то бубинанд асаргузории ин вирусеро, ки гуфта мешавад, бахше аз он фақат махсуси Эрон сохта , чи гуна буда ва иттилооти худро такмил ва душмании худро бештар кунанд.
Раҳбари мауззами инқилоби исломӣ дар идома бо таъкид бар ин, ки агар сабр ва истиқомат бо ақлу тадбир ва машварат ҳамроҳ шавад, пирӯзӣ қатъи хоҳад буд, тасреҳ карданд: Сабр кардан ба маънои таслим нашудан, дучори заъфу тардид нашудан, бо шуҷоат ва тадбир пеши душманро гирифтан ва ӯро мағлуб кардан аст.
Эшон бо ёдоварии таҷрибаи 40-сола ва зарфияти фавқулоддаи кишвар барои муқобила бо ҳамаи чилиошҳо ва мушкилот, хитоб ба миллати Эрон таъкид карданд: Зарфиятҳои кишвар бисёр зиёд аст, вале муҳим он аст, ки масъулон ин зарфиятҳоро шиносоӣ кунанд ва дар ҳама бахшҳо, афроди ҷавон, мӯъмин, боаенгеза ва муташарреъ ба кор гирифта шаванд. Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бори дигар ҳамаи мардумро ба ҷиддӣ гирифтан ва амал ба дастурҳои масъулони Ситоди миллии мубориза бо коронавирус тавсия ва ибрози умедворӣ карданд: Худованди муттаол ҳар чи зудтар ин балоро аз сари миллати Эрон ва миллатҳои мусалмон ва ҳамаи башарият дафъ кунад.
342